среда, 8 января 2014 г.

Дар Точикистон чудошавии оила зиёд шудаистодааст


Барвакт ба шавхар додани духтарон имруз муаммои аввалиндарачаи Точикистон ба хисоб меравад.Маскуншавии келинхо пас аз чудо шудан   аксариятро нигарон кардааст. Замира Холмуродовамо мегуяд ки хукуки молу мулкии онхо аз тарафи суд вайро карда шуда, хонае ки мероси якчояи зану шавхар аст, келинашро оварда ба он маскун кардаанд. Хукукшиносон маскуншавиро равиши нодурст арзёби намуда мегуянд дар конунгузор ин гуна мода нест.
 
Давоми 11 мохи соли равон дар шахри Хучанд  1745 нафар чавонон акди нигох бастаанд. Аз ин шумора 234 нафар бо карори суд  ва 90 нафари дигар бошад  бо арзиаи тарафхо дар мачмуъ 324 нафар аз хам чудо шудаанд. Кахрамони гузориши моро маскуншавии келинаш дар хонаи у нигарон кардааст. У мегуяд дар манзиле к ибо хамрохии шавхараш 32 сол ин чониб зиндаги мекунаду  ба номи онхо таалук дорад, судичрочихо тули се сол мешавад ки собик келинашро оварда маскун мекунанд.
Кахрамони дигари мо бошад давоми чор сол мешавад, ки бо ин мушкили ру ба ру аст. Вай иброз медорад, ки намедонам ба кучо мурочиат намоям, то хукукхояш  поймол нашаванд. 
Дар хамин холл хукукшинос Мухаббат Чураева маскуншавиро равиши нодурст бахогузори намуда мегуяд мутаасифона маскункуни то холл аз тарафи судичрочихо ба назар мерасад. Хол он ки дар конунгузори моддаи маскуншави мавчуд нест
Мо хостем рочеъ ба масъалаи мазкур назари судияхоро гирифта бошем аммо кушиши чандрузаи мо бенетича  монд.
Мухаббат Чураева рохи ягонаи пешгири кардани ин гунна холатхоро дар бастани шартномаи тарафайн пеш аз акди нигох арзёби мекунад, зеро ки бино ба  иттилои у харчанд ки конунгузори инро муайян намуда бошад хам вале  имруз дар амал татбик намешавад.   
 Аммо соли равон дар шахри Хучанд танхо 3 нафар бо имзои ин гунна шартнома  хонадор шудаанд.  Сабабашро масъулин дар  ихтиёри  будани  шартнома вобаста мекунанд. Ин чо саволе нокушода боки мемонад ки бояд риояи конунро назорат намояд?
                                                                                                      MaSton 

Комментариев нет:

Отправить комментарий